Душанбе. 19-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Масъалаи муҳоҷирати беруна яке аз самтҳои асосии сиёсати имрӯзаи ҳукумати Тоҷикистон бояд бошад. Ин матлабро дар як нишасти матбуотӣ вакили парлумони кишвар, раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон – Муҳиддин Кабирӣ баён намуд.
Оқои Кабирӣ мӯътақид аст, ки агар ҳамагӣ 5 дар сади муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба ватан баргарданд, вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар кишвар бадтар гардида, дар натиҷа суботи сиёсии кишвар ба эҳтимоли зиёд барҳам зада хоҳад шуд.
Кабирӣ мегӯяд, ки дар Тоҷикистон бояд як ниҳоде дар сатҳи вазорат таъсис дода шавад, то битавонад масоили вобаста ба муҳоҷирати меҳнатиро ҳаллу фасл намуда, сиёсати давлатро дар ин самт муайян намояд.


