Вазорати рушди иқтисоду савдои Тоҷикистон ба таҳияи Барномаи рафъи оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ шурӯъ кард

Душанбе. 19-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати рушди иқтисоду савдои Тоҷикистон ба таҳияи Барномаи рафъи оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ шурӯъ кардааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз вазорати мазкур хабар доданд, гурӯҳи корӣ, ки ба он коршиносони мақомоти давлатӣ, олимону муҳаққиқони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд, ҳамаи корҳоро ба анҷом расонида, феълан ин ҳуҷҷатро омода месозад. […]

Пайрав Чоршанбиев


Душанбе. 19-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати рушди иқтисоду савдои Тоҷикистон ба таҳияи Барномаи рафъи оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ шурӯъ кардааст.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз вазорати мазкур хабар доданд, гурӯҳи корӣ, ки ба он коршиносони мақомоти давлатӣ, олимону муҳаққиқони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд, ҳамаи корҳоро ба анҷом расонида, феълан ин ҳуҷҷатро омода месозад.



Ба гуфтаи манбаъ, барномаи ҷадид дорои пешниҳодҳои мушаххас оид ба рафъи оқибатҳои бӯҳрони молӣ хоҳад буд. Дар ин барнома, аз ҷумла гуфта шудааст, ки муассисоти молиявии кишвар барои рушди сохторҳои алоҳидаи бахши иқтисодӣ, аз ҷумла ширкатҳои хусусӣ, бояд қарзҳои итиёзнок пешниҳод кунанд.



Дар қисмати дуюми санад пешниҳодҳо оид ба пешгирии бӯҳрони озуқаворӣ гирд оварда мешавад. Аз ҷумла пешниҳод гардидааст, ки барои таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ, фаъолияти хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ пурзӯр карда шавад. Дар ҳуҷҷати мазкур ҳамчунин дар бораи рушди бахши энергетикӣ сухан рафта, пешниҳодоти мушаххас дар бораи дастёбӣ ба истиқлолияти энергетикӣ оварда шудааст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.