Ширкати «Tajik Air» чиптаи хатсайри ҳавоии Душанбе-Маскавро арзон кард

Date:


Душанбе. 19-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Tajik Air» чиптаи хатсайри ҳавоии Душанбе-Маскавро арзон кард.




Тавре сухангӯи корхона Назира Давлатова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, акнун арзиши чипта ба ин хатсайр 920 сомониро (ҳудуди 200 Евро) ташкил медиҳад ва нархи он ба миқдори 40 Евро кам карда шудааст.



Ба гуфтаи ӯ, чиптаҳоро бо нархномаи нав дар ҳама нуқтаҳои фурӯши чиптаҳои хатсайрҳои ҳавоӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд ва дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ метавон дастрас кард.



Номбурда афзуд, ки феълан масъалаи кам кардани арзиши чиптаҳо ба хатсайрҳои дигар низ мавриди баррасӣ қарор дорад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...