Ширкати «Tajik Air» чиптаи хатсайри ҳавоии Душанбе-Маскавро арзон кард

Душанбе. 19-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Tajik Air» чиптаи хатсайри ҳавоии Душанбе-Маскавро арзон кард. Тавре сухангӯи корхона Назира Давлатова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, акнун арзиши чипта ба ин хатсайр 920 сомониро (ҳудуди 200 Евро) ташкил медиҳад ва нархи он ба миқдори 40 Евро кам карда шудааст. Ба гуфтаи ӯ, чиптаҳоро […]

Виктория Наумова


Душанбе. 19-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Tajik Air» чиптаи хатсайри ҳавоии Душанбе-Маскавро арзон кард.




Тавре сухангӯи корхона Назира Давлатова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, акнун арзиши чипта ба ин хатсайр 920 сомониро (ҳудуди 200 Евро) ташкил медиҳад ва нархи он ба миқдори 40 Евро кам карда шудааст.



Ба гуфтаи ӯ, чиптаҳоро бо нархномаи нав дар ҳама нуқтаҳои фурӯши чиптаҳои хатсайрҳои ҳавоӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд ва дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ метавон дастрас кард.



Номбурда афзуд, ки феълан масъалаи кам кардани арзиши чиптаҳо ба хатсайрҳои дигар низ мавриди баррасӣ қарор дорад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.