Вазорати рушди иқтисоду савдои Тоҷикистон ба таҳияи Барномаи рафъи оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ шурӯъ кард

Date:


Душанбе. 19-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати рушди иқтисоду савдои Тоҷикистон ба таҳияи Барномаи рафъи оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ шурӯъ кардааст.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз вазорати мазкур хабар доданд, гурӯҳи корӣ, ки ба он коршиносони мақомоти давлатӣ, олимону муҳаққиқони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд, ҳамаи корҳоро ба анҷом расонида, феълан ин ҳуҷҷатро омода месозад.



Ба гуфтаи манбаъ, барномаи ҷадид дорои пешниҳодҳои мушаххас оид ба рафъи оқибатҳои бӯҳрони молӣ хоҳад буд. Дар ин барнома, аз ҷумла гуфта шудааст, ки муассисоти молиявии кишвар барои рушди сохторҳои алоҳидаи бахши иқтисодӣ, аз ҷумла ширкатҳои хусусӣ, бояд қарзҳои итиёзнок пешниҳод кунанд.



Дар қисмати дуюми санад пешниҳодҳо оид ба пешгирии бӯҳрони озуқаворӣ гирд оварда мешавад. Аз ҷумла пешниҳод гардидааст, ки барои таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ, фаъолияти хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ пурзӯр карда шавад. Дар ҳуҷҷати мазкур ҳамчунин дар бораи рушди бахши энергетикӣ сухан рафта, пешниҳодоти мушаххас дар бораи дастёбӣ ба истиқлолияти энергетикӣ оварда шудааст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...