Душанбе. 20-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл зимни нишасти матбуотӣ муовини вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Пӯлод Муҳиддинов изҳор дошт, ки стратегияи ҳамкории минтақавӣ дар бахши энергетика, ки дар конфронси
VII
-уми Ҳамкории иқтисодии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ дар Боку ба имзо расид, барои Тоҷикистон нақши муҳми дорад, зеро дар он усулҳои асосии стратегия дар истифодаи одилона ва оқилонаи захоири табиӣ ифода ёфтаанд.
Ба гуфтаи ӯ, муҳим он аст, ки ҷонибҳо «дар роҳандозии ҳамкориҳо дар бахши обҳои ҷоришавандаи фаромарзӣ тавофуқ ҳосил карданд». «Тасвиби созишномаҳои дахлдор миёни кишварҳои ҳаммарз имкон медиҳад, ки лоиҳакашии нерӯгоҳҳои бузургро дар бисёр кишварҳои минтақа, аз ҷумла Афғонистону Қирғизистон ва Тоҷикистон анҷом дод», – гуфт ӯ.
Дар шарҳи масъалаи бунёди хати интиқоли барқ миёни Тоҷикистону Афғонистон муовини вазир зикр кард, ки сохтмони он аввали соли оянда шурӯъ гардида, шояд якуним сол ё каме бештар давом кунад. «Ҷиҳати интиқоли барқ дар мавсими тобистон дар ҳаҷми 300 МВт дар давоми солҳои 2010-2015 бо Афғонистон шартнома ба имзо расид», – гуфт ӯ ва афзуд, ки ба кишвари ҳамсоя нерӯи барқ бо арзиши 3,5 сент фурӯхта мешавад ва ҳамасола арзиши он ба андозаи 0,2 сент афзуда хоҳад шуд.
П.Муҳиддинов афзуд, ки дар мавсими тобистон нерӯи барқи зиёдатии Тоҷикистон 1,5-2 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад ва аз соли 2010 ҳаҷми он аз 2 млрд. кВт/соат зиёдтар хоҳад шуд.
Ҳамчунин дар конфронси мазкур Нақшаи амал дар бораи табиқи Стратегия оид ба нақлиёт ва савдо, роҳандозии сиёсати тиҷоратӣ ва Нақшаи кории Пажӯҳишгоҳи Ҳамкории иқтисодии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2009-2001 низ тасдиқ карда шуд.


