Дар Душанбе натиҷаҳои конфронси VII-уми Ҳамкории иқтисодии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ пешниҳоди ҳамагон гардид

Душанбе. 20-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл зимни нишасти матбуотӣ муовини вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Пӯлод Муҳиддинов изҳор дошт, ки стратегияи ҳамкории минтақавӣ дар бахши энергетика, ки дар конфронси VII -уми Ҳамкории иқтисодии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ дар Боку ба имзо расид, барои Тоҷикистон нақши муҳми дорад, зеро дар он усулҳои асосии стратегия […]

Виктория Наумова


Душанбе. 20-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл зимни нишасти матбуотӣ муовини вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Пӯлод Муҳиддинов изҳор дошт, ки стратегияи ҳамкории минтақавӣ дар бахши энергетика, ки дар конфронси


VII


-уми Ҳамкории иқтисодии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ дар Боку ба имзо расид, барои Тоҷикистон нақши муҳми дорад, зеро дар он усулҳои асосии стратегия дар истифодаи одилона ва оқилонаи захоири табиӣ ифода ёфтаанд.




Ба гуфтаи ӯ, муҳим он аст, ки ҷонибҳо «дар роҳандозии ҳамкориҳо дар бахши обҳои ҷоришавандаи фаромарзӣ тавофуқ ҳосил карданд». «Тасвиби созишномаҳои дахлдор миёни кишварҳои ҳаммарз имкон медиҳад, ки лоиҳакашии нерӯгоҳҳои бузургро дар бисёр кишварҳои минтақа, аз ҷумла Афғонистону Қирғизистон ва Тоҷикистон анҷом дод», – гуфт ӯ.



Дар шарҳи масъалаи бунёди хати интиқоли барқ миёни Тоҷикистону Афғонистон муовини вазир зикр кард, ки сохтмони он аввали соли оянда шурӯъ гардида, шояд якуним сол ё каме бештар давом кунад. «Ҷиҳати интиқоли барқ дар мавсими тобистон дар ҳаҷми 300 МВт дар давоми солҳои 2010-2015 бо Афғонистон шартнома ба имзо расид», – гуфт ӯ ва афзуд, ки ба кишвари ҳамсоя нерӯи барқ бо арзиши 3,5 сент фурӯхта мешавад ва ҳамасола арзиши он ба андозаи 0,2 сент афзуда хоҳад шуд.



П.Муҳиддинов афзуд, ки дар мавсими тобистон нерӯи барқи зиёдатии Тоҷикистон 1,5-2 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад ва аз соли 2010 ҳаҷми он аз 2 млрд. кВт/соат зиёдтар хоҳад шуд.



Ҳамчунин дар конфронси мазкур Нақшаи амал дар бораи табиқи Стратегия оид ба нақлиёт ва савдо, роҳандозии сиёсати тиҷоратӣ ва Нақшаи кории Пажӯҳишгоҳи Ҳамкории иқтисодии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2009-2001 низ тасдиқ карда шуд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер