Кӯлоб. 22-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар 74 корхонаи хусусиву муассисаҳои шаҳри Кӯлоб ҳисобкунакҳои об насб карда шуданд.
Тавре иҷрокунандаи вазифаи муовини аввали раиси шаҳр Пирмад Зарипов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, то оғози тобистони соли оянда чунин ҳисобкунакҳо дар тамоми нуқоти зарурии шаҳр гузошта хоҳанд шуд, зеро бидуни он назорати хароҷоти об ва пардохти воқеии маблағи истифодаи он ғайриимкон аст.
Номбурда мегӯяд, истгоҳҳои идораи обу корез дар як шабонарӯз нисбат ба талабот 50-60 дарсад зиёдтар об медиҳад, вале назорати он имконпазир нест ва ба иллати он аҳолӣ ва корхонаву муассисот ба маблағҳои зиёд қарздор мешаванд. «Чанде қабл бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ марҳилаи аввали лоиҳаи таҷдиди шоҳроҳи қубури об барои шаҳр ба маблағи $2 млн. амалӣ гардида,
8,5 км
қубурҳои оби нӯшокӣ иваз карда шуданд ва боз иваз намудани 70 қубури дигар дар назар аст», – афзуд ӯ.


