Коҳиши нархи содироти гази Ӯзбекистон ба ҷумҳуриро дар соли оянда набояд чашмдор шуд, – назари иқтисодчӣ

Душанбе. 22-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Иқтисодчии тоҷик Усмон Раҳмонов бар чунин назар аст, ки коҳиши нархи содироти гази Ӯзбекистон ба ҷумҳуриро дар соли оянда набояд чашмдор шуд, зеро ба қавли ӯ, дар Ӯзбекистон ба хубӣ медонанд, ки феълан Тоҷикистон қудрат надорад мустақилона бозори кишварро бо гази табиӣ таъмин созад ва ба ҷуз харидории гази […]

Пайрав Чоршанбиев


Душанбе. 22-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Иқтисодчии тоҷик Усмон Раҳмонов бар чунин назар аст, ки коҳиши нархи содироти гази Ӯзбекистон ба ҷумҳуриро дар соли оянда набояд чашмдор шуд, зеро ба қавли ӯ, дар Ӯзбекистон ба хубӣ медонанд, ки феълан Тоҷикистон қудрат надорад мустақилона бозори кишварро бо гази табиӣ таъмин созад ва ба ҷуз харидории гази Ӯзбекистон, дигар илоҷе надорад.




Номбурда мегӯяд, ҳамасола Тоҷикистон ба воридоти на камтар аз 500 млн. метри мукааб газ аз хориҷ ниёз дорад ва лӯлаи интиқоли газ аз дигар кишварҳо танҳо бо Ӯзбекистон мавҷуд аст. «Бо назардошти ин ҳолат, ҷониби Ӯзбекистон дар гуфтушунидҳо дар мавқеи хеш пойфишорӣ хоҳад кард», – гуфт ӯ.



Ёдрас мекунем, ки дар нимаи аввали моҳи ҷорӣ миёни Ӯзбекистону Тоҷикистон оид ба интиқоли гази табиӣ дар соли 2009

 

гуфтушунид оғоз гардид. Дар ҷараёни гуфтушунид ҷониби Тоҷикистон ҳайати Ӯзбекистонро ба он мутаваҷҷеҳ сохт, ки арзиши маводи сӯзишворӣ дар ҷаҳон тамоили пастравӣ дорад ва тибқи пешгӯиҳо, соли 2009 низ ин раванд идома хоҳад ёфт. Аз ин рӯ, аз Ӯзбекистон дархост карда шуда буд, ки бо назардошти ин ҳолат онҳо низ арзиши газро коҳиш диҳанд, вале то ҳанӯз ба дархости Тоҷикистон посухе гуфта нашудааст.

 




Қобили зикр аст, ки тибқи шартномаи кишварҳо Тоҷикистон соли 2006 аз Ӯзбекистон газро бо нархи $55, соли 2007 – $100 ва соли равон – $145 барои 1 ҳазор метри мукааб харидорӣ менамуд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.