Коҳиши нархи содироти гази Ӯзбекистон ба ҷумҳуриро дар соли оянда набояд чашмдор шуд, – назари иқтисодчӣ

Date:


Душанбе. 22-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Иқтисодчии тоҷик Усмон Раҳмонов бар чунин назар аст, ки коҳиши нархи содироти гази Ӯзбекистон ба ҷумҳуриро дар соли оянда набояд чашмдор шуд, зеро ба қавли ӯ, дар Ӯзбекистон ба хубӣ медонанд, ки феълан Тоҷикистон қудрат надорад мустақилона бозори кишварро бо гази табиӣ таъмин созад ва ба ҷуз харидории гази Ӯзбекистон, дигар илоҷе надорад.




Номбурда мегӯяд, ҳамасола Тоҷикистон ба воридоти на камтар аз 500 млн. метри мукааб газ аз хориҷ ниёз дорад ва лӯлаи интиқоли газ аз дигар кишварҳо танҳо бо Ӯзбекистон мавҷуд аст. «Бо назардошти ин ҳолат, ҷониби Ӯзбекистон дар гуфтушунидҳо дар мавқеи хеш пойфишорӣ хоҳад кард», – гуфт ӯ.



Ёдрас мекунем, ки дар нимаи аввали моҳи ҷорӣ миёни Ӯзбекистону Тоҷикистон оид ба интиқоли гази табиӣ дар соли 2009

 

гуфтушунид оғоз гардид. Дар ҷараёни гуфтушунид ҷониби Тоҷикистон ҳайати Ӯзбекистонро ба он мутаваҷҷеҳ сохт, ки арзиши маводи сӯзишворӣ дар ҷаҳон тамоили пастравӣ дорад ва тибқи пешгӯиҳо, соли 2009 низ ин раванд идома хоҳад ёфт. Аз ин рӯ, аз Ӯзбекистон дархост карда шуда буд, ки бо назардошти ин ҳолат онҳо низ арзиши газро коҳиш диҳанд, вале то ҳанӯз ба дархости Тоҷикистон посухе гуфта нашудааст.

 




Қобили зикр аст, ки тибқи шартномаи кишварҳо Тоҷикистон соли 2006 аз Ӯзбекистон газро бо нархи $55, соли 2007 – $100 ва соли равон – $145 барои 1 ҳазор метри мукааб харидорӣ менамуд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...