Душанбе. 22-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Маркази барқу гармидиҳии Душанбе истеҳсоли гармиро қариб ним баробар кам кард.
Тавре сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, тибқи нақшаи қаблан пешбинишуда, дар мавсими имсолаи гармидиҳӣ марказ ҳамарӯза бояд 164,5 гигакалорий гармӣ дар як соат истеҳсол мекард, вале айни замон истеҳсоли он ҳудуди 110 гигакалорийро ташкил медиҳад, ки он ба 52,1 дарсади нақшаи пешбинишуда дар як рӯз баробар аст.
Ба қавли ӯ, бинобар камбуди сӯзишворӣ дегхонаи «Ғарбӣ» умуман аз кор монда, истеҳсоли гармӣ дар дегхонаи «Шарқӣ» чандон назаррас нест. «Аз рӯи нақша ин дегхонаҳо ҳамарӯза бояд мутаносибан ба миқдори 50 ва 16 гигакалорий гармӣ дар як соат истеҳсол мекарданд», – гуфт ӯ.


