Тоҷикистон ба узвияти Бонки рушди АвруОсиё пазируфта шуд

Date:


Душанбе. 22-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни сӯҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба узвияти Бонки рушди АвруОсиё пазируфта шудааст. «Соли ҷорӣ Тоҷикистон бо чунин дархост ба бонки мазкур муроҷиат карда буд», – мегӯяд ӯ.




Ба гуфтаи раиси БМТ, бо назардошти ҳавасамандии ҷонибҳо рӯзи 11-уми декабри соли ҷорӣ Шӯрои бонк дар ҷаласаи худ нисбати ин масъала тасмими мусбат гирифтааст ва феълан ҷонибҳо асноди асосии танзимкунандаи фаъолияти муштаракро мавриди баррасӣ қарор додаанд. «Барои узвияти ҷумҳурӣ ба Бонки рушди АвруОсиё раҳбарияти бонк аз ҷониби Тоҷикистон харидории шумораи ҳадди аққали саҳмияҳоро имконпазир шуморид, ки он барои кишвар ҳеҷ мушкилоти молиявӣ ба бор нахоҳад овард», – гуфт вай ва афзуд, ки Арманистону Белорус низ аъзои бонки мазкур шудаанд.



Ба ақидаи Ш.Раҳимзода, узвияти ҷумҳурӣ ба бонк ба рушду густариши муносибатҳои ҳагиройии кишвар дар минтақаи Авруосиё ва амалисозии тарҳҳои давлатӣ дар қаламрави Тоҷикистон такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. «Аз ҷумла, ҷиҳати амалӣ сохтани қарори ҳукумат дар бораи афзудани ҳаҷми коркарди нахи пахта дар дохили кишвар феълан масъалаи ҷалби сармояи Бонки рушди АвруОсиё ба маблағи 22 млн. доллари амрикоӣ ҷиҳати бунёди корхонаи бофандагиву ресандагӣ дар Тоҷикистон барррасӣ мешавад», – изҳор дошт раиси БМТ.



Ба иттилои хадамоти матбуоти бонк,

 

мутобиқи тартиби қабули аъзои нав Шӯрои бонк афзоиши сармояи оинномавиро тавассути эмисссияи иловагии саҳмияҳои бонк маъқул шуморидааст, ки он миёни аъзои нав мувофиқи маблағи ҳиссаи аъзогии онҳо тақсим карда хоҳад шуд. Айни замон сармояи оинномавии бонк ба $1,5 млрд. баробар буда, дар натиҷаи харидории эмиссияҳои иловагӣ ва ҳиссаи пардохти Тоҷикстону Арманистон ва Белорус он ба маблағи $15,6 млн. афзуда хоҳад шуд.



Ёдрас мекунем, ки Бонки рушди АвруОсиё созмони байнулмилалии молиявӣ буда, бо мақсади мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва густариши равандҳои ҳамгиройӣ дар минтақаи Аврупову Осиё таъсис дода шудааст. Бонки мазкур дар асоси созишномаи байнидавлатии Русияву Қазоқистон соли 2006 бо ташаббуси сарони ин ин кишварҳо таъсис ёфт.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...