Душанбе. 23-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз энергетикҳои Тоҷикистон иди касбии худро ҷашн гирифтанд.
Тавре аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ба ин муносибат дар ноҳияи Варзоб нерӯгоҳи хурди барқии Харангон бо иқтидори 80 кВт ба кор дароварда шуд ва дар маросими ба истифода додани он муовини аввали вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Пӯлод Муҳиддинов иштирок кард.
Ба иттилои манбаъ, то ахири соли ҷорӣ мавриди истифода қарор додани боз 3 нерӯгоҳи хурд дар ноҳияҳои Кӯхистони Мастчоҳу Ҷалолиддини Румӣ ва нерӯгоҳи Такоб дар назар аст.
Зикр гардид, ки дирӯз бахшида ба ин ҷашн дар ширкати «Барқи тоҷик» ҷамъомади ботантана доир гашта, ба пешқадамони кору истеҳсолоти соҳа
ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.


