Раиси БМТ: Имкони табдили рубли русӣ ба асъори захиравӣ дар миқёси ҷаҳон бузург аст

Душанбе. 23-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо хабарнигорони ОИ «Азия-Плюс» раиси Бонки Миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода дар робита ба масъалаи изҳороти Русия дар мавриди барқарор кардани мақоми рубли русӣ дар қаламрави собиқ шӯравӣ изҳор дошт, ки ӯ имкони татбиқи муваффақонаи нақшаи ташкили минтақаи рублро баланд арзёбӣ менамояд. «Албатта, ин ба имконот ва […]

Виктория Наумова/Пайрав Чоршанбиев


Душанбе. 23-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо хабарнигорони ОИ «Азия-Плюс» раиси Бонки Миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода дар робита ба масъалаи изҳороти Русия дар мавриди барқарор кардани мақоми рубли русӣ дар қаламрави собиқ шӯравӣ изҳор дошт, ки ӯ имкони татбиқи муваффақонаи нақшаи ташкили минтақаи рублро баланд арзёбӣ менамояд.




«Албатта, ин ба имконот ва мизони омодагии иқтисоди Русия марбут аст, зеро барои муваффақ гаштан ба мақоми асъори захиравии байнулмилалӣ иқтисоди устувору мутараққӣ зарур аст», – гуфт ӯ.



Қобили зикр аст аст, ки айни замон ҳиссаи рубли русӣ дар ҳаҷми умумии маблағҳои интиқолӣ ба Тоҷикистон 30 дарсадро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, бо мақсади афзоиши захираҳои байнулмилалии худ Тоҷикистон соли равон дар бозори байнибонкии асъор беш аз 1 млрд. рубли русӣ харидорӣ кард.



Ш.Раҳимзода мегӯяд, мавҷудияти асъори минтақавии усутувор ба ҳамаи ширкаткунандагони тиҷорати байнулмилалӣ имкон фароҳам месозад, ки аз тиҷорати мутақобила фоида ба даст оварда, хавфи мавҷудаи ноустувории асъори дигарро коҳиш диҳанд.



Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи ноябр Русия ва Белорус дар мавриди гузаштан ба рубли русӣ зимни ҳисоббаробаркунӣ барои пардохти нафту газ тавофуқ ҳосил карданд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.