Душанбе. 25-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл ҳайати Тоҷикистон ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи татбиқи бақайдгирӣ аз рӯи усули «Равзанаи ягона» ба Озарбойҷон рафта буд.
Зимни натиҷагирӣ аз сафар аъзои ҳайати ҷумҳурӣ, мудири шӯъбаи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат Дӯстмурод Муродов изҳор дошт, ки барои ҷорисозии усули «Равзанаи ягона» дар кишвар ба эътибор гирифтани вижагиҳои низоми бақайдгирӣ, таҳия воситаҳои фаннӣ ва мухобиротӣ миёни муассивау идораҳои дахлдор зарур аст.
Зикр гардид, ки татбиқи усули мазкури бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ ба раванди ислоҳоти иқтисодӣ ва муҳити корӣ дар Тоҷикистон такони ҷиддӣ бахшида, ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри беҳбуди фазои сармоягузорӣ ва соддакунии
сабт дар бахши соҳибкории хурду миёна кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад.
Дар робита ба ин масъала раиси Иттиҳодияи соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон Матлуба Ӯлҷабоева зикр кард, ки лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» бо назардошти меъёр ва таҷрибаи андӯхтаи байнулмилалӣ таҳия гаштааст. Номбурда афзуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур феълан мавриди баррасии ҳукумат қарор дошта, он тамоми маҷмӯи чораҳои татбиқи пурсамари усули «Равзанаи ягона»-ро дар худ ҷой додааст. «Дар лоиҳа ба ивази мӯҳлати аз 16 то 20 рӯзи бақайдгии феълан мавҷуда кам кардани он то 5 рӯзи корӣ пешбинӣ шудааст», – гуфт ӯ.


