«Равзанаи ягона» раванди бақайдгирии соҳибкоронро бамаротиб осон хоҳад кард

            Душанбе. 25-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл ҳайати Тоҷикистон ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи татбиқи бақайдгирӣ аз рӯи усули «Равзанаи ягона» ба Озарбойҷон рафта буд.             Зимни натиҷагирӣ аз сафар аъзои ҳайати ҷумҳурӣ, мудири шӯъбаи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат Дӯстмурод Муродов изҳор дошт, ки барои ҷорисозии усули «Равзанаи ягона» дар кишвар ба эътибор гирифтани […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 25-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл ҳайати Тоҷикистон ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи татбиқи бақайдгирӣ аз рӯи усули «Равзанаи ягона» ба Озарбойҷон рафта буд.





           

Зимни натиҷагирӣ аз сафар аъзои ҳайати ҷумҳурӣ, мудири шӯъбаи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат Дӯстмурод Муродов изҳор дошт, ки барои ҷорисозии усули «Равзанаи ягона» дар кишвар ба эътибор гирифтани вижагиҳои низоми бақайдгирӣ, таҳия воситаҳои фаннӣ ва мухобиротӣ миёни муассивау идораҳои дахлдор зарур аст.




           

Зикр гардид, ки татбиқи усули мазкури бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ ба раванди ислоҳоти иқтисодӣ ва муҳити корӣ дар Тоҷикистон такони ҷиддӣ бахшида, ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри беҳбуди фазои сармоягузорӣ ва соддакунии

 

сабт дар бахши соҳибкории хурду миёна кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад.




           

Дар робита ба ин масъала раиси Иттиҳодияи соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон Матлуба Ӯлҷабоева зикр кард, ки лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» бо назардошти меъёр ва таҷрибаи андӯхтаи байнулмилалӣ таҳия гаштааст. Номбурда афзуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур феълан мавриди баррасии ҳукумат қарор дошта, он тамоми маҷмӯи чораҳои татбиқи пурсамари усули «Равзанаи ягона»-ро дар худ ҷой додааст. «Дар лоиҳа ба ивази мӯҳлати аз 16 то 20 рӯзи бақайдгии феълан мавҷуда кам кардани он то 5 рӯзи корӣ пешбинӣ шудааст», – гуфт ӯ.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.