Хуҷанд. 25—уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбат ба афсари қисми низомии 2620 Маҳмадулло Андалебов ва ду шаҳрванди дигар – Абдусалом Нуралиев ва Амиршо Кӯчакшоев ба анҷом расид.
Тавре додраси додгоҳи гарнизони Вилояти Суғд Муслим Худойбердиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, номбаршудагон ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир гумонбар дониста мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, 28-уми августи соли ҷорӣ аз мошини яке аз гумонбаршудагон 7,4 кило маводи мухаддири ҳашиш дарёфт шуда, сипас даст доштани ду нафари дигар дар ин муомилоти ғайриқонунӣ низ ошкор шудааст.


