Дар Тоҷикистон шумори гурезагон зиёд мешавад

Душанбе. 26-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон тамоили афзоиши шумори гурезагон ба мушоҳида мерасад ва соли ахир шумори онҳо ба 700 нафар афзудааст. Зимни семинар дар мавзӯи «Татбиқи меъёрҳои миллӣ ва байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва ҳифзи гурезагон дар ҶТ» директори Маркази ҳуқуқи ғайритиҷоратӣ, раиси ТҒД «Ҷомеа ва ҳуқуқ» Муаттара Ҳайдарова изҳор дошт, […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 26-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон тамоили афзоиши шумори гурезагон ба мушоҳида мерасад ва соли ахир шумори онҳо ба 700 нафар афзудааст.




Зимни семинар дар мавзӯи «Татбиқи меъёрҳои миллӣ ва байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва ҳифзи гурезагон дар ҶТ» директори Маркази ҳуқуқи ғайритиҷоратӣ, раиси ТҒД «Ҷомеа ва ҳуқуқ» Муаттара Ҳайдарова изҳор дошт, ки ҳарчанд Тоҷикистон асноди байнулмилалии дахлдорро дар ин соҳа ба тасвиб расонида бошад ҳам, масъалаи соҳиб гаштан ба мақоми гуреза дар ҷумҳурӣ то ҳанӯз комилан роҳи ҳалли худро пайдо накардааст. «Яке аз мушкилоти умдаи гурезагон дар кишвари мо – таъмини онҳо бо ҷойи корӣ мебошад», – гуфт ӯ.



Бо истинод ба омори расмӣ номбурда зикр кард, ки шумори гурезагон дар ҷумҳурӣ 1700 нафарро ташкил дода, сафи ҷӯяндагони паноҳгоҳ 245 нафар аст. Зикр гардид, ки аз оғози моҳи декабр салоҳияти кор бо гурезагон аз Агентии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират гирифта шуда, ба Вазорати умури дохилӣ вогузор гашт.



Тибқи маълумоти манбаъ, гурезагони Тоҷикистон асосан шаҳрвандони Афғонистон, Эрон, Ироқ ва давлатҳои Африқо мебошанд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.