Эмомалӣ Раҳмон ба Виктор Юшенко барқияи тасаллият ирсол кард

            Душанбе. 26-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми дирӯз дар робита ба фоҷеаи рухдода дар шаҳри Евпатория президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии президенти Украина барқияи тасаллият ирсол кард.             Дар барқия, аз ҷумла гуфта мешавад: «Виктор Андреевичи мӯҳтарам! Аз фоҷеаи рухдода дар шаҳри Евпатория, ки бар асари он талафоти ҷониву харобиҳо сурат гирифт, беҳад андӯҳгинам. […]

Аваз Юлдошев






           

Душанбе. 26-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми дирӯз дар робита ба фоҷеаи рухдода дар шаҳри Евпатория президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии президенти Украина барқияи тасаллият ирсол кард.











           

Дар барқия, аз ҷумла гуфта мешавад:









«Виктор Андреевичи мӯҳтарам! Аз фоҷеаи рухдода дар шаҳри Евпатория, ки бар асари он талафоти ҷониву харобиҳо сурат гирифт, беҳад андӯҳгинам. Дар ин лаҳзаи ҳассос аз Шумо хоҳиш дорам ҳамдардии мардуми тоҷикро ба ҷабрдидагон ва наздикони онҳо бирасонед. Мо хоҳони шифои ҳарчи зудтари ҷабрдидагонем».










           

Ёдрас мекунем, ки шоми 24-уми декабр бар асари инфиҷори шадиди газ дар манзили зисти панҷошёнаи шаҳри Евпаторияи ин кишвар 24 нафар ба ҳалокат расид. Сарвари давлат Виктор Юшенко имрӯз, 26-уми декабрро дар саросари Украина рӯзи мотам эълон кард.





Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.