Созмонҳои байнулмилалӣ дар ҳамдастӣ бо хадамоти андоз ба соҳибкорон тартиби гирифтани патентро шарҳ медиҳанд

            Душанбе. 26-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шабакаҳои телевизион ва радиои Тоҷикистон маъракаи иттилоотии шарҳи тартиби дастрас намудани патент ва афзалиятиҳои он барои фаъолияти соҳибкорӣ шурӯъ мешавад. Тавре аз Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ ( IFC ) ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, маъракаи мазкур аз ҷониби корпоратсия дар ҳамдастӣ бо хадамоти андози кишвар, ташкилотҳои DFID ва […]

Виктория Наумова



           

Душанбе. 26-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шабакаҳои телевизион ва радиои Тоҷикистон маъракаи иттилоотии шарҳи тартиби дастрас намудани патент ва афзалиятиҳои он барои фаъолияти соҳибкорӣ шурӯъ мешавад.




Тавре аз Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (


IFC


) ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, маъракаи мазкур аз ҷониби корпоратсия дар ҳамдастӣ бо хадамоти андози кишвар, ташкилотҳои


DFID




ва


SECO


созмон дода шуда, ҷиҳати шарҳу тафсири тағйироти воридшуда ба Кодекси андоз дар бораи муттаҳид сохтани се навъи андоз нигаронида шудааст.



Сардори раёсати Кумитаи андоз Хуршед Қосимов мегӯяд, ҷорисозии патент танҳо нисфи кор аст ва барои фаъолияти пурсамари он дар васоити ахбори умум баргузории маъракаҳои итттилоотиии шарҳу тафсир зарур аст.



Ба иттилои манбаъ, се навори видеоии телевизионӣ ва ду сабти радиои шарҳу тафсир таҳия гашта, онҳо дар телевизион қабл ва пас аз барномаи ахбор пахш мегарданд. «Дар фурсати наздиктарин пахши он тариқи радио низ сурат хоҳад гирифт», – гуфт манбаъ.



Зикр гардид, ки соҳибкории хурду миёна ба афзоиши сармоягузорӣ мусоидат намуда, дар рушду густариши иқтисод нақши муҳим дорад. Дар маҷмӯъ,


IFC


ва хадамоти андози ҷумҳурӣ шаш маводи иттилоотӣ оид ба шарҳу тафсири тағйироти номбурда ва қонун дар бораи тафтиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидориро таҳия намудаанд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.