Душанбе. 29-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Масоили рушди ҳамкориҳои минбаъдаи тиҷориву-иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Ҷумҳурии Куриё зимни мулоқоти Раиси палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо кордори сафорати Ҷумҳурии Куриё дар Тоҷикистон Ким Хинг Су баррасӣ гардид.
Дар ҷараёни мулоқот раиси палатаи савдо ва саноати мамлакат ба ҳамсӯҳбаташ пешниҳод намуд, ки барои боз ҳам густаришу таҳким бахшидани муносибатҳои иқтисодӣ миёни кишварҳо дар Душанбе намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Куриё ва вохӯрии соҳибкорони ду кишварро ташкил намояд.
Дар рафти сӯҳбат ҳамчунин масъалаи тайёр намудани мутахассисони бахши соҳибкории Тоҷикистон бо кӯмаку дастгирии коршиносони куриёӣ баррасӣ гардид.


