Ҷинояткор ба Тоҷикистон истирдод мешавад

Душанбе. 29-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Шаҳрванди Тоҷикистон Анварҷон Қаюмови 41-сола, сокини шаҳри Исфара, ки барои содир намудани як қатор ҷинояти вазнин дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, аз тарафи мақомоти интизомии ин кишвар боздошт гардидааст, ба дасти мақомоти амниятии Тоҷикистон супорида мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар хабар доданд, мувофиқа […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 29-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Шаҳрванди Тоҷикистон Анварҷон Қаюмови 41-сола, сокини шаҳри Исфара, ки барои содир намудани як қатор ҷинояти вазнин дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, аз тарафи мақомоти интизомии ин кишвар боздошт гардидааст, ба дасти мақомоти амниятии Тоҷикистон супорида мешавад.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар хабар доданд, мувофиқа дар бораи таслими Қаюмов ба Тоҷикистон моҳи ноябри соли равон дар ҷараёни мулоқоти кормандони мақомоти амниятии ду кишвар ҳосил шуд. Гуфта мешавад, ки Анварҷон Қаюмов сарварии созмони ғайриқонунии


Ҷ


унбиши Исломии


Ӯ


збакистон-Туркистонро дар ноҳияи Исфара бар ӯҳда доштааст.



Ба гуфтаи манбаъ, мақомоти амниятии тоҷик имрӯз ба ҳамтоёни афғони худ, рӯйхати ному насаби афродеро аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон медиҳанд, ки дар содир намудани ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла куштору қочоқи маводи мухаддир гумонбар дониста мешаванд. Хотиррасон мекунем 24-уми декабри соли равон дар Душанбе Протоколи мубодилаи тасдиқномаҳо оид ба Созишнома байни


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон ва


Ҷ


умҳурии Исломии Афғонистон дар бораи таслими маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи


ҷ


азо ба имзо расид.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.