Ба тарафдории Фаластин дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон намоишҳо ва гирдиҳамоиҳо баргузор мегарданд

Date:


Душанбе. 31-уми декабр – Мамлакатҳои ҷаҳон барои қатъи задухӯрдҳои мусаллаҳона ва хунрезӣ дар воҳаи Ғаззаҳ тадбирҳои ҷиддӣ меандешанд. Дирӯз дар Вашингтон дар назди

 

бинои маъмурияти Президенти

 

тозаинтихоби ИМА, Барак Обама намоиши серодам баргузор гардид. Намоишгарон шиорҳои зиддиисроилӣ бардошта буданд. Онҳо изҳор намуданд, ки маъмурияти имрӯзаи ИМА аз тарафи Исроил ишғол гардидани Фаластинро эътироф карда наметавонад ва дар ин масъала мавқеи бетарафиро ишғол намудааст. Бинобар ин

 

намоишгарон на ба Ҷ.Буш, балки ба Президенти нави мамлакат муроҷиат мекунанд. СММ, созмони «Хамос »

 

ва Исроил бояд амалиёти зӯровариро фавран қатъ намуда, ба қурбон шудани одамон роҳ надиҳанд.





 

Хабар дода мешавад, ки ҳазорон нафар сокинони Ню-Йорк аз иштирок дар намоиши идонаи солинавӣ даст кашида, байрақҳои Фаластинро бардошта ба кӯчаҳо баромаданд. Онҳо ба муқобили бомбаборони Фаластин аз тарафи Исроил эътироз баён мекунанд.



Ба тарафдории Фаластин дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон намоишҳо ва гирдиҳамоиҳо баргузор мегарданд. Аз ҷумла рӯзи гузашта намоишгарон дар пойтахти Юнон ба сӯи сафоратхонаи Исроил сангпартоӣ карданд. Дар Берлин қариб ду ҳазор нафар

 

намоишгарон талаб карданд, ки бомбаборони воҳаи Ғаззаҳ фавран бас карда шавад. Дар пойтахти Италия низ ба тарафдории Фаластин намоиши серодам баргузор гардид. Дар Сэул намоишгарон байрақҳои Исроилро оташ заданд. Намоишгарон дар пойтахти Каракас ду рӯз боз сафоратхонаи Исроилро иҳота кардаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...