Ба тарафдории Фаластин дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон намоишҳо ва гирдиҳамоиҳо баргузор мегарданд

Душанбе. 31-уми декабр – Мамлакатҳои ҷаҳон барои қатъи задухӯрдҳои мусаллаҳона ва хунрезӣ дар воҳаи Ғаззаҳ тадбирҳои ҷиддӣ меандешанд. Дирӯз дар Вашингтон дар назди   бинои маъмурияти Президенти   тозаинтихоби ИМА, Барак Обама намоиши серодам баргузор гардид. Намоишгарон шиорҳои зиддиисроилӣ бардошта буданд. Онҳо изҳор намуданд, ки маъмурияти имрӯзаи ИМА аз тарафи Исроил ишғол гардидани Фаластинро эътироф […]

root


Душанбе. 31-уми декабр – Мамлакатҳои ҷаҳон барои қатъи задухӯрдҳои мусаллаҳона ва хунрезӣ дар воҳаи Ғаззаҳ тадбирҳои ҷиддӣ меандешанд. Дирӯз дар Вашингтон дар назди

 

бинои маъмурияти Президенти

 

тозаинтихоби ИМА, Барак Обама намоиши серодам баргузор гардид. Намоишгарон шиорҳои зиддиисроилӣ бардошта буданд. Онҳо изҳор намуданд, ки маъмурияти имрӯзаи ИМА аз тарафи Исроил ишғол гардидани Фаластинро эътироф карда наметавонад ва дар ин масъала мавқеи бетарафиро ишғол намудааст. Бинобар ин

 

намоишгарон на ба Ҷ.Буш, балки ба Президенти нави мамлакат муроҷиат мекунанд. СММ, созмони «Хамос »

 

ва Исроил бояд амалиёти зӯровариро фавран қатъ намуда, ба қурбон шудани одамон роҳ надиҳанд.





 

Хабар дода мешавад, ки ҳазорон нафар сокинони Ню-Йорк аз иштирок дар намоиши идонаи солинавӣ даст кашида, байрақҳои Фаластинро бардошта ба кӯчаҳо баромаданд. Онҳо ба муқобили бомбаборони Фаластин аз тарафи Исроил эътироз баён мекунанд.



Ба тарафдории Фаластин дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон намоишҳо ва гирдиҳамоиҳо баргузор мегарданд. Аз ҷумла рӯзи гузашта намоишгарон дар пойтахти Юнон ба сӯи сафоратхонаи Исроил сангпартоӣ карданд. Дар Берлин қариб ду ҳазор нафар

 

намоишгарон талаб карданд, ки бомбаборони воҳаи Ғаззаҳ фавран бас карда шавад. Дар пойтахти Италия низ ба тарафдории Фаластин намоиши серодам баргузор гардид. Дар Сэул намоишгарон байрақҳои Исроилро оташ заданд. Намоишгарон дар пойтахти Каракас ду рӯз боз сафоратхонаи Исроилро иҳота кардаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.