Нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» моҳи март пурра мавриди истифода қарор мегирад

Date:



           

Душанбе. 3-юми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» моҳи март пурра мавриди истифода қарор мегирад.





           

Тавре аз мақомоти раҳбарии нерӯгоҳ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, се агрегати мавриди истифода қароргирифта устуворона кор мекунанд ва то ахири соли гузашта дар нерӯгоҳ тақрибан 1 млрд. 97 млн. кВт/соат нерӯи барқ тавлид гаштааст, ки аз нақшаи пешбинишуда ду миллион кВт/соат бештар аст.




           

Қобили зикр аст, ки сохтмони нерӯгоҳи мазкур моҳи апрели соли 2005 оғоз гардида, моҳи январи соли 2007 нахустин агрегати он ба истифода дода шуда буд. Мавриди истифода қарор гирифтани агрегати чаҳорум 25-уми феврал ва тамоми зерсохтори заруриву иншооти таъиноти иҷтимоӣ то ахири моҳи марти соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.




           



Маълумотнома:




Нерӯгоҳи обию барқии «Сангтӯда-1» бо ғунҷоиши 670 МВт дар 100 километрии ҷануби шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Лоиҳаро ба таври муштарак Тоҷикистону Русия амалӣ месозанд. Мувофиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия 75%-и саҳмияҳои нерӯгоҳ ба Русия ва 25%-и он ба Тоҷикистон тааллуқ доранд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...