Нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» моҳи март пурра мавриди истифода қарор мегирад

            Душанбе. 3-юми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» моҳи март пурра мавриди истифода қарор мегирад.             Тавре аз мақомоти раҳбарии нерӯгоҳ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, се агрегати мавриди истифода қароргирифта устуворона кор мекунанд ва то ахири соли гузашта дар нерӯгоҳ тақрибан 1 млрд. 97 млн. кВт/соат нерӯи барқ тавлид гаштааст, ки аз нақшаи […]

Виктория Наумова



           

Душанбе. 3-юми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» моҳи март пурра мавриди истифода қарор мегирад.





           

Тавре аз мақомоти раҳбарии нерӯгоҳ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, се агрегати мавриди истифода қароргирифта устуворона кор мекунанд ва то ахири соли гузашта дар нерӯгоҳ тақрибан 1 млрд. 97 млн. кВт/соат нерӯи барқ тавлид гаштааст, ки аз нақшаи пешбинишуда ду миллион кВт/соат бештар аст.




           

Қобили зикр аст, ки сохтмони нерӯгоҳи мазкур моҳи апрели соли 2005 оғоз гардида, моҳи январи соли 2007 нахустин агрегати он ба истифода дода шуда буд. Мавриди истифода қарор гирифтани агрегати чаҳорум 25-уми феврал ва тамоми зерсохтори заруриву иншооти таъиноти иҷтимоӣ то ахири моҳи марти соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.




           



Маълумотнома:




Нерӯгоҳи обию барқии «Сангтӯда-1» бо ғунҷоиши 670 МВт дар 100 километрии ҷануби шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Лоиҳаро ба таври муштарак Тоҷикистону Русия амалӣ месозанд. Мувофиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия 75%-и саҳмияҳои нерӯгоҳ ба Русия ва 25%-и он ба Тоҷикистон тааллуқ доранд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.