Душанбе. 4-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар арафаи соли нав Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ тарбиятгирандагони як қатор муассисаҳои иҷтимоии кишварро ба маблағи 16 ҳазор сомонӣ бо маводи ғизоӣ таъмин кард.
Тавре аз палатаи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, тарбиятгирандагони хона-интернати «Чорбоғ», хонаҳои кӯдакони рақами 1 ва 2-и шаҳри Душанбе, хона-интернати кӯдакони нобино ва дармонгоҳи бемориҳои рӯҳии ноҳияи Ҳисор ва хонаи пиронсолони шаҳри Турсунзода соҳиби тӯҳфаҳои солинавӣ шуданд.
Ба иттилои манбаъ, кормандони палата қаблан аз ин муассисаҳои иҷтимоӣ боздид карда, муайян сохтанд, ки онҳо ба кадом навъи маводи хӯрока бештар эҳтиёҷ доранд. «Сипас муворфиқи эҳтиёҷот онҳо бо орду шакар, макарон, биринҷ, равған ва дигар маводи ғизоӣ таъмин гардиданд», – афзуд сарчашма.


