Душанбе. 5-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Пагоҳ дар бинои мактаби рақами 1-и пойтахт олимпиадаи шаҳрии толибилмони макотиби таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе оғоз мегардад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати маорифи пойтахт Шамсулло Исломов хабар дод, дар муддати се рӯз ғолибони олимпиадаҳои мактабӣ ва ноҳиявӣ аз рӯи 17 фанни таълимӣ қувваозмоӣ намуда, беҳтаринҳо ба олимпиадаи ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд.
Қобили зикр аст, ки дар пойтахт 131 мактаби таҳсилоти умумӣ амал карда, дар онҳо 165 ҳазору 434 нафар хонанда таҳсил мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки имрӯз дар минтақаҳои ҷумҳурӣ олимпиадаҳои вилоятии мактаббачагон шурӯъ шуданд. Олипиадаи ҷумҳуриявӣ ҳамасола маъмулан моҳҳои март-апрел доир мегардад. Тибқи маълумоти ахири Вазорати маорифи кишвар, феълан дар Тоҷикистон 3 ҳазору 810 мактаби таҳсилоти умумӣ амал мекунанд.


