Таъмини заминаҳои рушди бахши энергетикаву нақлиёт вазифаҳои аслии ҳукумат дар соли ҷорӣ мебошанд, – назари коршиноси масоили сиёсӣ

Душанбе. 5-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Коршиноси масоили сиёсӣ Рашид Ғанӣ Абдулло бар ин назар аст, ки таъмини заминаҳои рушди бахши энергетикаву нақлиёт ва мухобирот дар иқтисоди миллӣ вазифаҳои аслии ҳукумат дар соли ҷорӣ маҳсуб мегарданд. Ба гуфтаи ӯ, самтҳои асосии ҳалли ин масоил аз таъмини ҷалби сармоягузориҳо ба ин бахшҳо ва бахши истихроҷи маъданҳои […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 5-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Коршиноси масоили сиёсӣ Рашид Ғанӣ Абдулло бар ин назар аст, ки таъмини заминаҳои рушди бахши энергетикаву нақлиёт ва мухобирот дар иқтисоди миллӣ вазифаҳои аслии ҳукумат дар соли ҷорӣ маҳсуб мегарданд.




Ба гуфтаи ӯ, самтҳои асосии ҳалли ин масоил аз таъмини ҷалби сармоягузориҳо ба ин бахшҳо ва бахши истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, то ҳадди ниҳоӣ коҳиш додани аз даст додани ҷойҳои кории муҳоҷирони тоҷик дар Русия иборат аст. «Ба он муваффақ шудан зарур аст, ки коҳиши ҷалби муҳоҷирони корӣ, ки тибқи барномаи ҳукумати Русия пешбинӣ шудааст, ҳарчи камтар ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик таъсир дошта бошад», – мегӯяд ӯ.



Коршинос зикр мекунад, ки Тоҷикистон ҳамеша манфиатҳои стратегӣ ва геополитикии Русияро ба эътибор мегирад ва дар масъалаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик низ аз Русия бояд чунин муносибатро чашмдор бошад. «Дар самти татбиқи қарордодҳо бо Русия, Чин, Эрон ва Қазоқистон, бахусус масъалаи сохтмони як қатор нерӯгоҳ дар ҷумҳурӣ мебояд таваҷҷӯҳи хос зоҳир намуд», – изҳор дошт вай.



Дар масъалаи вазифаҳои ҳукумати ҷумҳурӣ дар соли 2009 бо назардошти бӯҳрони моливии ҷаҳонӣ номбурда изҳор дошт, ки дар ин давра тақвияти ҳамкориҳо бо созмонҳои байнулмилалии молиявӣ, аз қабили Хазинаи байнулмилалии асъор, Бонки рушди Осиё дар самти коҳиши оқибатҳои бӯҳрон ба Тоҷикистон зарур аст.



Коршинос ҳамчунин

 

дар соли 2009 муҳиму рӯзмарра гардидани масъалаи фароҳам сохтани шароити мусоид барои рушди соҳибкории хурду миёнаро таъкид сохт. «Ҳалли мувафффақонаи масоили зикршуда ба сатҳи касбӣ ва салоҳиятнокии мақомоти давлатии дахлдор вобаста хоҳад буд», – афзуд Рашид Ғанӣ Абдулло.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.