Барандагони ҷоизаи Ассотсиатсияи публитсистони Тоҷикистон муайян карда шуданд

Душанбе. 5-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Барандагони ҷоизаи Ассотсиатсияи публитсистони Тоҷикистон дар соли 2008 муайян карда шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Ассотсиатсия Муҳаммадҷон Тоштемиров хабар дод, ҷоизаи асосии ба номи Мутеъулло Наҷмиддинов ба се рӯзноманигор – сармуҳаррири рӯзномаи «Фараж» Хуршеди Атовулло барои силсилаи маводи публитсистӣ дар мавзӯи коррупсия ва озодии баён, директори шабакаи телевизионии […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 5-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Барандагони ҷоизаи Ассотсиатсияи публитсистони Тоҷикистон дар соли 2008 муайян карда шуданд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Ассотсиатсия Муҳаммадҷон Тоштемиров хабар дод, ҷоизаи асосии ба номи Мутеъулло Наҷмиддинов ба се рӯзноманигор – сармуҳаррири рӯзномаи «Фараж» Хуршеди Атовулло барои силсилаи маводи публитсистӣ дар мавзӯи коррупсия ва озодии баён, директори шабакаи телевизионии «Симои мустақили Тоҷикистон» Зиннатуллои Исмоил барои силсилаи мавод дар мавзӯи иқтисод ва муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Курер Таджикистана» Владимир Фролов барои маводи публитсистӣ дар мавзӯи ҳамкориву дӯстии мардуми Тоҷикистону Русия супорида мешавад.



Ба гуфтаи Тоштемиров, озмуни мазкурро аз ҷиҳати молиявӣ сафорати Русия дар Тоҷикистон дастгирӣ кардааст. Барандагони ҷоиза ҳар кадоме ба маблағи 800 сомонӣ мукофотпулӣ хоҳанд гирифт.



Қобили зикр аст, ки барандагони нахустини ҷоизаи мазкур рӯзноманигорон Бахтиёри Муртазо, Абдуғаффор Абдуҷабборов, Владимир Воробёв ва Ҷӯрақул Аҷибов гардида буданд. Ассотсиатсияи публитсистони Тоҷикистон 26-уми феврали соли 2007 таъсис дода шудааст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.