Хадамоти оташнишонии Суғд аз Чин боз як мошини сӯхторхомӯшкунӣ харидорӣ кард

Date:



           

Хуҷанд. 8-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд аз Чин боз як мошини сӯхторхомӯшкунӣ харидорӣ кард.





           

Тавре сардори раёсати мазкур Нозим Маҳмадов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ғунҷоиши зарфи оби мошин 6 тоннаву 400 килоро ташкил дода, мошин ҳамчунин бо таҷҳизоти замонавии оташнишонӣ ва лавозимоту асбоби зарурӣ барои ҳайати шахсӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Арзиши мошин ба 290 ҳазор сомонӣ баробар аст.




           

Ба гуфтаи Н.Маҳмадов, ин дуввумин мошини сӯхторхомӯшкуниест, ки аз Чин харидорӣ мешавад ва акнун шумори нақлиёти нав, ки дар навбатдорӣ истифода мешавад, 9 ададро ташкил медиҳад. «Хадамоти оташнишонии шаҳри Хуҷанд бо 4 мошин ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурову Конибодом ва Истаравшан бо мошинҳои боқимонда таъмин гардиданд», – афзуд ӯ.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...