Сафорати ҶТ дар Русия: Иттилои К.Шарипов дурӯғи маҳз аст ва ба беобрӯ кардани намояндагии дипломатии Тоҷикистон нигаронида шудааст

Душанбе. 8-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Сафорати Тоҷикистон дар Русия иттилои интишоргардида дар сомонаи ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» дар бораи боздошти 50 шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Аштархон ва аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷинояткор ба «гаравгон» гирифтани онҳоро рад месозад ва расман хабар медиҳад, ки иттилои мазкур ба ҳақиқат рост намеояд. Дар иттилоияи сафорат […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 8-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Сафорати Тоҷикистон дар Русия иттилои интишоргардида дар сомонаи ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» дар бораи боздошти 50 шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Аштархон ва аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷинояткор ба «гаравгон» гирифтани онҳоро рад месозад ва расман хабар медиҳад, ки иттилои мазкур ба ҳақиқат рост намеояд.




Дар иттилоияи сафорат гуфта мешавад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия тайи ду ҳафтаи ахир дар шаҳри Аштархон шиносномаҳои 16 шаҳрванди тоҷик –

 

мусофирони қатораи «Маскав-Душанбе»-ро ба гумони қалбакӣ будани қайдҳои убури марзи Русия гирифтаанд ва шиносномаи чаҳор нафари онҳо ду рӯз пештар баргардонида шуда, шиносномаҳои дигар ҷиҳати тафтиш ба мақомоти дахлдор супорида шудаанд. «Шаҳрвандони тоҷик боздошт нашудаанд ва дар сурати тасдиқи қалбакӣ будани қайдҳои убури марзи Русия дар шиносномаи онҳо, ҳалли масъала ба додгоҳ вогузор хоҳад шуд», – омадааст дар иттилоия.



Дар идомаи иттилоия зикр мегардад, ки Сафорати Тоҷикистон дар Русия «қазияи мазкурро пайгирӣ намуда, бо шаҳрвандони тоҷике, ки шиносномаашон гирифта шудааст, дар ҳоли робита қарор дорад». Ғайр аз ин, бо супориши сафири Тоҷикистон рӯзи 5-уми январ кормандони Хадамоти муҳоҷиратии Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ дар Русия ба шаҳри Аштархон фиристода шуданд, то бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ба ин қазия расидагӣ намоянд. Дар бораи натиҷаи фаъолияти онҳо сафорат ба таври иловагӣ хабар хоҳад дод.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.