ВКХ ҶТ: Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Аштархон «гаравгон» гирифта нашудаанд

Душанбе. 8-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ дар Русия ҷиҳати расидагӣ ба ҷузъиёти қазияи муҳоҷирони тоҷик ба ҷои ҳодиса – шаҳри Аштархон рафтаанд. Тавре сардори департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, воқеъан аз 26-уми декабр то кунун дар шӯъбаи умури дохилӣ […]

Пайрав Чоршанбиев


Душанбе. 8-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ дар Русия ҷиҳати расидагӣ ба ҷузъиёти қазияи муҳоҷирони тоҷик ба ҷои ҳодиса – шаҳри Аштархон рафтаанд.




Тавре сардори департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, воқеъан аз 26-уми декабр то кунун дар шӯъбаи умури дохилӣ дар нақлиёт дар ҳамдастӣ бо кормандони назорати гумруки истгоҳи «Ақсарай»-и вилояти Ашатрхони Русия бо далели ҷой доштани тамғаҳои қалбакии убури марзи давлатӣ ба мӯҳлати се моҳ нисбат ба мусофирони қатораҳои хатсайри Маскав-Душанбе ва Маскав-Кӯлоб, шаҳрвандони Тоҷикистон 23 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

 




Ба иттилои масъулини шӯъбаи умури дохилии вилояти Аштархон, нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар рӯйхати пешакӣ 12 нафар сабт шудаанд, тафтишот ҷараён дорад, вале онҳо ба ҳабс гирифта нашуда, дар озодӣ қарор доранд. «Ғайр аз ин, нисбат ба 10 шаҳрванди кишвари мо феълан ҷиҳати боз кардани парвандаи ҷиноӣ мавод омода мегардад ва пас аз анҷоми корҳои тафтишотӣ парвандаҳо барои моҳиятан баррасӣ намудан ба додгоҳи вилояти Аштархон фиристода хоҳанд шуд», – таъкид сохт Д.Назриев.



Д.Назриев изҳор дошт, ки айни замон дар Аштархон намояндагони Вазорати умури дохилии ҶТ дар ҳамдастӣ бо мақомоти салоҳиятдори Русия ҷиҳати ба ватан фиристодани шаҳрвандони тоҷик чораҳои зарурӣ меандешанд. «Мо вазъро то ахир пайгирӣ хоҳем кард, зеро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти вазорати умури хориҷии кишвар – дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат аст», – афзуд ӯ.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.