Душанбе. 9-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон марҳилаи навбатии барномаи Бунёди рушди ҷомеаи шаҳрвандиро эълом дошт.
Тавре аз бонки мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, соли равон диққати асосӣ ба роҳандозии шарикӣ миёни ҳукумату бахши хусусӣ бо ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ равона мегардад, зеро он воситаи пурсамартарини беҳбуд бахшидан ба некӯаҳволии мардум ва ноил гаштан ба рушди устувор аст.
Ба иттилои манбаъ, бо ин мақсад зимни омодасозии Стратегияи шарикӣ бо Тоҷикистон бонк дар масоили танзими сиёсати андозиву буҷавӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, рушди бахши хусусӣ, идораи давлатӣ ва ғайра кӯшиши зиёд ба харҷ дода, ҷиҳати шаффофияти барномаҳои худ ва ҷалби ҷонибҳои манфиатдор ҳангоми таҳияи он мунтазам муаррифиномаву машваратҳо доир месозад.
Ғайр аз ин, бонк ҳамасола барномаи бурсии Бунёди рушди ҷомеаи шаҳрвандиро, ки қаблан чун «барномаи бурсҳои хурд» маъруф буд, роҳандозӣ менамояд, ки он ба сифати замима ба лоиҳаҳои умумии бонк хизмат мекунад ва ба рушди ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои мизоҷи бонк нигаронида шудааст. Мӯҳлати охирини пешниҳоди лоиҳавӣ то 6 марти соли 2009 муқаррар гардидааст.


