Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон марҳилаи навбатии барномаи Бунёди рушди ҷомеаи шаҳрвандиро эълом дошт

            Душанбе. 9-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон марҳилаи навбатии барномаи Бунёди рушди ҷомеаи шаҳрвандиро эълом дошт.             Тавре аз бонки мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, соли равон диққати асосӣ ба роҳандозии шарикӣ миёни ҳукумату бахши хусусӣ бо ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ равона мегардад, зеро он воситаи пурсамартарини беҳбуд бахшидан ба некӯаҳволии […]

Фирдавс Муртазоев



           

Душанбе. 9-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон марҳилаи навбатии барномаи Бунёди рушди ҷомеаи шаҳрвандиро эълом дошт.





           

Тавре аз бонки мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, соли равон диққати асосӣ ба роҳандозии шарикӣ миёни ҳукумату бахши хусусӣ бо ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ равона мегардад, зеро он воситаи пурсамартарини беҳбуд бахшидан ба некӯаҳволии мардум ва ноил гаштан ба рушди устувор аст.




           

Ба иттилои манбаъ, бо ин мақсад зимни омодасозии Стратегияи шарикӣ бо Тоҷикистон бонк дар масоили танзими сиёсати андозиву буҷавӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, рушди бахши хусусӣ, идораи давлатӣ ва ғайра кӯшиши зиёд ба харҷ дода, ҷиҳати шаффофияти барномаҳои худ ва ҷалби ҷонибҳои манфиатдор ҳангоми таҳияи он мунтазам муаррифиномаву машваратҳо доир месозад.




           

Ғайр аз ин, бонк ҳамасола барномаи бурсии Бунёди рушди ҷомеаи шаҳрвандиро, ки қаблан чун «барномаи бурсҳои хурд» маъруф буд, роҳандозӣ менамояд, ки он ба сифати замима ба лоиҳаҳои умумии бонк хизмат мекунад ва ба рушди ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои мизоҷи бонк нигаронида шудааст. Мӯҳлати охирини пешниҳоди лоиҳавӣ то 6 марти соли 2009 муқаррар гардидааст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.