Мусодираи беш аз 6 тонна маводи мухаддир дар соли 2008

Date:


Душанбе. 9-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли гузашта дар Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 6 тонна маводи мухаддир мусодира карда шуд, ки миқдори зиёди он – 3 тоннаву 381 килояш маводи мухаддири гурӯҳи афюн (1 тоннаву 636 кило ҳероин, 1 тоннаву 745 кило афюн ва 1 тоннаи дигар маводи ин гурӯҳ), 2 тоннаву 700 килояш маводи мухаддири гурӯҳи каннабис буда, 173 килои онро прекурсорҳои истеҳсоли ҳероин ташкил медиҳанд.




Тавре аз Маркази таҳлилии Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, соли 2007 нисбатан камтар – 5 тоннаву 270 кило маводи мухаддир мусодира гардида буд.



Ба иттилои манбаъ, соли 2008 аз ҷониби кормандони Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ – 2 тоннаву 700 кило, Агентии назорати маводи нашъаовар – 1 тоннаву 316 кило, марзбонон –

 

1 тоннаву 133 кило, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ – 841 кило ва хадамоти гумруки ҷумҳурӣ – 91 кило маводи мухаддир мусодира карда шуд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...