Душанбе. 9-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷаласаи васеъи ҳайати мушовараи вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ вазир Ғулом Бобозода изҳор дошт, ки мувофиқи маълумоти пешакӣ, соли 2008 мизони тавррум дар Тоҷикистон 11,8 дарсадро ташкил додааст, зеро соли гузашта болоравии босуръати нархҳо дар бахши истеъмолӣ ба мушоҳида нарасидааст.
Ғ.Бобозода таъкид сохт, ки ба нишондиҳандаи начандон баланди таваррум дар соли гузашта пеш аз ҳама, коҳиши арзиши маҳсулоти нафтӣ, зироати ғалладона ва ва гандум мусоидат кардааст. Ӯтаваҷҷӯҳи ҳозиринро ба нархҳои нисбатан устувор ба маводи ғизоӣ дар соли 2008 ҷалб намуда, ёдовар шуд, ки ахири соли 2007 мизони тавррум дар Тоҷикистон муъодили 19,7 дарсад буд.
Ёдрас мекунем, ки қаблан Хазинаи байнулмилалии асъор пешгӯӣ карда буд, ки ахири соли 2008 мизони таваррум дар Тоҷикистон 16 дарсадро ташкил хоҳад дод.


