Дар кишварҳои ИДМ шумори ҷиноёти марбут ба кочоқи нашъа аз ҷониби шаҳрвандони тоҷик коҳиш ёфт

Date:


Душанбе. 12-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи маълумоти расмӣ, тайи 11 моҳи соли ҷорӣ шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба гумони даст доштан дар нигаҳдорӣ ва қочоқи маводи мухаддир дар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил боздошт гардиданд, ду баробар коҳиш ёфта, 287 нафарро ташкил намуд, ки ин нисбат ба соли 2007 ба миқдори 234 нафар камтар аст.




Имрӯз дар ҷараёни як нишасти матбуотӣ раиси Оҷонсии назорати маводи мухаддири кишвар – Рустам Назаров ҳамчунин хабар дод, соли гузашта дар доираи созишномаҳои миёни Тоҷикистону Русия ба имзо расида, дар ҳудуди кишвар намояндагони Хадамоти федеролии назорати маводи мухаддири Русия ба фаъолият оғоз карданд.



Р.Назаров афзуд, ки аксаран дар ВАО оид ба боздошти шаҳрвандон ё гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир аз Тоҷикистон иттилоъ интишор мегардад, вале ҳангоме агентӣ аз он манбаъ барои ирсоли маълумот дархост исрол менамояд, маълум мешавад, ки онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон набудаанд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...