Душанбе. 12-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ба санаи 1-уми январи соли 2009 ҳаҷми қарзи давлатии хориҷии Тоҷикистон 1 млрд. 366 млн. Доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Дар ҷаласаи васеъи вазорати молияи ҷумҳурӣ вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор дошт, ки барои пардохти қарзи давлатии хориҷӣ соли гузашта 308 млн. $ маблағ ҷудо гардид, ки 250 млн. аз он барои пардохти қарзи асосӣ ва боқимонда 58 млн. барои пардохти фоизҳо равона гардидааст.
Ба гуфтаи вазири молия, ҳаҷми қарзи давлатии ҷумҳурӣ 28,8 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад, ки он қаноатбахш аст, зеро дар баъзе аз кишварҳои ҷаҳон ин нишондиҳанда то 60 дарсад мерасад.
Ёдрас мекунем, ки қарзи давлатии хориҷии Тоҷикистон ба санаи 1-уми январи соли 2008 ба 1 млрд. 119 млн. $ баробар буд ва соли гузашта он мутаносибан ба андозаи 247 млн. $ афзудааст.


