«Тоҷик Эйр» тайёраҳои кӯҳнашудаи Як-40 ва Ан-28-ро ба ҳавопаймоҳои нисбатан замонавии навъи МА-60-и истеҳсоли Чин иваз мекунад

Душанбе. 12-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ният дорад, тайёраҳои кӯҳнашудаи Як-40 ва Ан-28-ро ба ҳавопаймоҳои нисбатан замонавии навъи МА-60-и истеҳсоли Чин иваз кунад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур хабар доданд, феълан гуфтушунидҳо ҷиҳати дарёфти чунин тайёраҳо дар доираи Барномаи ҷудосозии қарзи дарозмуддати имтиёзноки ҳукумати Чин барои Ҷумҳурии Тоҷикистон   […]

Виктория Наумова


Душанбе. 12-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ният дорад, тайёраҳои кӯҳнашудаи Як-40 ва Ан-28-ро ба ҳавопаймоҳои нисбатан замонавии навъи МА-60-и истеҳсоли Чин иваз кунад.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур хабар доданд, феълан гуфтушунидҳо ҷиҳати дарёфти чунин тайёраҳо дар доираи Барномаи ҷудосозии қарзи дарозмуддати имтиёзноки ҳукумати Чин барои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

идома дорад.



Манбаъ ҳамзамон гуфт, ки ахири ҳафтаи гузашта ширкати ҳавопаймоӣ аз фаъолияти ширкат дар соли 2008 натиҷагирӣ намуд. Дар ҷараёни машварат, аз ҷумла қайд гардид, ки дар соли 2008 тавассути ҳавопаймоҳои ин ширкат 616 ҳазор нафар мусофир ҳамлу нақл шудааст, ки ин нисбат ба соли 2007, ба андозаи 7,2 дар сад зиёд мебошад.





 


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.