Вазорати кишоварзӣ аз ҳукумат дархост кард, ки мӯҳлати пардохти қарзҳои хоҷагиҳо аз фючеристон то соли 2021 дароз карда шавад

            Душанбе. 12-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» –   Ҳафтаи гузашта сардори раёсати сиёсати иқтисодӣ ва ояндабинии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Сафар Маҳмадиев зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки аз 140 млн. сомонии дар доираи амалисозии механизми нави маблаггузорӣ ба хоҷагиҳои пахтакор ҷудогардида, беш аз 35 млн. сомонӣ ба бонкҳои тиҷоратӣ баргардонида шудааст. Ӯ қайд кард, ки […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 12-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» –

 

Ҳафтаи гузашта сардори раёсати сиёсати иқтисодӣ ва ояндабинии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Сафар Маҳмадиев зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки аз 140 млн. сомонии дар доираи амалисозии механизми нави маблаггузорӣ ба хоҷагиҳои пахтакор ҷудогардида, беш аз 35 млн. сомонӣ ба бонкҳои тиҷоратӣ баргардонида шудааст. Ӯ қайд кард, ки вазорат ахири соли гузашта аз ҳукумат дархост кардааст, ки то анҷоми фурӯши маҳсулот, ки моҳи майи соли ҷорӣ пешбинӣ мешавад, ба афзоиши фоизи қарзҳо роҳ надиҳад.





           

Ба қавли номбурда, унвонии ҳукумат вазорат шаш пешниҳод ирсол намудааст, аз ҷумла дароз кардани мӯҳлати пардохти қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор аз фючеристҳо то соли 2021, ки ба санаи 1-уми январи соли 2008 дар ҳаҷми 488 млн. $ аст ва пурра аз байн бардоштани қарзҳои дохилии ин хоҷагиҳо ба маблағи 195 млн. сомонӣ. «Алҳол мо аз ҳукумат посухе нагирифтаем, вале мутмаинем, ки пешниҳоди мо дастгирӣ хоҳад шуд», – гуфт Маҳмадиев.




           

Ёдрас мекунем, ки ҳукумати Тоҷикистон моҳи январ 110 млн. сомонӣ ва апрели соли гузашта боз 30 млн. сомонӣ ба хоҷагиҳои пахтакор маблағи қарзӣ ҷудо намуд. Маблағи мазкур бо фоизи пардохти 18 дарсад миёни бонкҳои ҷумҳурӣ – ҶСП «Тоҷпромбонк», ҶСК «Агроинвестбонк», ҶСК «Ориёнбонк», ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ва Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» тақсим гардид.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.