Душанбе. 13-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ширкати «Tethys»
ба Тоҷикистон таҷҳизоти ҷадиди пармакунии навъи
ZJ
30 ворид месозад.
Дар иттилоияи ширкат гуфта мешавад, ки таҷҳизоти мазкур қодир аст чоҳҳоро то чуқурии
3500 метр
парма созад. «Таҷҳизоти мазкур истеҳсоли Чин буда, феълан ба Тоҷикистон интиқол мегардад», – гуфт манбаъ.
Ҳамчунин дар иттилоия зикр гардидааст, ки ин таҷҳизот минбаъд хароҷоти корҳои пармакуниро бамаротиб камтар хоҳад кард.
Ғайр аз ин, корхонаи фаръии ширкат
Asia Oilfield Equipment ҷиҳати дастрасии таҷҳизоти таъмири чоҳҳо бо муассисаи дахлдор тавофуқ ҳосил кардааст ва барои пардохти қисмтае аз арзиши ин таҷҳизот ширкат 1,4 млн. саҳмияҳои маҳдудро ба фурӯш мебарорад. «Таҷҳизоти номбурда ба Тоҷикистон интиқол дода шуда, аллакай аз санҷиш гузашт», – омадааст дар иттилоия.


