Додситони кулли ҷумҳурӣ аз фаъолияти Агентии зиддифасод қаноатманд нест

            Душанбе. 13-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни нишасти матбуотӣ додситони кулли ҷумҳурӣ Бобоҷон Бобохонов фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро ғайриқаноатбахш арзёбӣ кард.             Додситони кулл зикр кард, ки тайи соли ахир агентӣ ба додситонӣ парвандаҳои марбут ба ҷиноёти коррупсиониро ба маблағҳои зиёд ирсол накардааст ва «ин дар ҳолест, ки дар […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 13-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни нишасти матбуотӣ додситони кулли ҷумҳурӣ Бобоҷон Бобохонов фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро ғайриқаноатбахш арзёбӣ кард.





           

Додситони кулл зикр кард, ки тайи соли ахир агентӣ ба додситонӣ парвандаҳои марбут ба ҷиноёти коррупсиониро ба маблағҳои зиёд ирсол накардааст ва «ин дар ҳолест, ки дар ҳисоботҳо онҳо оид ба парвандаҳо бо маблағҳои ҳафтрақама ҳарф мезананд».




           

«Ҷуброни маблағҳои хисорот дар муқоиса бо солҳои пешин кам шудаанд, зеро дар фаъолияти ин агентӣ камбуду норасоиҳои зиёд ҷой доранд ва парвандаҳои омодасохтаи онҳо ба тафтишоти иловагӣ ниёз доранд, – гуфт Б.Бобохонов. – Ҳарчанд мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ намоем, вале ошкоро бояд гуфт, ки агентӣ аз иҷрои вазифаҳои ба ӯҳда гирифтааш ба хубӣ намебарояд».



Ёдрас мекунем, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аввали соли 2008 таъсис дода шуд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.