Б.Бобохонов: Салафияҳо ба амнияти Тоҷикистон хатари ҷиддӣ эҷод месозанд

            Душанбе. 13-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар нишасти матбуотӣ додситони кулли ҷумҳурӣ Бобоҷон Бобохонов изҳор дошт, ки фаъолияти чанде қабл мамнӯъ эъломгаштаи равияи «Салафия» ба амнияти кишвар хатари ҷиддӣ эҷод месозад. «Ҳарчанд салафияҳо ба ҳеҷ амали ғайриқонунӣ даст назада бошанд ҳам, вале дар муддати начандон зиёди фаъолият онҳо тавонистанд корҳои таблиғотиро хуб ба […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 13-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар нишасти матбуотӣ додситони кулли ҷумҳурӣ Бобоҷон Бобохонов изҳор дошт, ки фаъолияти чанде қабл мамнӯъ эъломгаштаи равияи «Салафия» ба амнияти кишвар хатари ҷиддӣ эҷод месозад. «Ҳарчанд салафияҳо ба ҳеҷ амали ғайриқонунӣ даст назада бошанд ҳам, вале дар муддати начандон зиёди фаъолият онҳо тавонистанд корҳои таблиғотиро хуб ба роҳ монанд», – гуфт ӯ.





           

Додситони кулл зикр кард, ки салафияҳову ваҳҳобиҳо мақсади ягона доранд, ки он сарнагун кардани сохти конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. «Ғайр аз ин, мо рӯйдодҳои солҳои аввали 90-уми асри гузаштаро ба хубӣ дар ёд дорем, ки он замон ваҳҳобиҳо дар Кӯлоб нисбати ҳамдигар мухолифат барпо карданд ва он оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ оварда расонд», – гуфт Б.Бобохонов.




           

Ғайр аз ин, додситони кулл ҷонибдорони ҷараёни «Салафия»-ро ба он гунаҳкор сохт, ки «онҳо барои ба вуҷуд омадани амали авбошона баҳона эҷод месозанд» ва ҳамчунин «ҳангоми адои намоз дар масоҷид бо ҳаракатҳои гуногун ва фарёд намозхонони дигарро безобита месозанд».


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.