Сандуқи қарзии ҶСК «Ориёнбонк» ба 753 823 621 сомонӣ баробар шуд

Душанбе. 13-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ба санаи 31-уми декбри соли 2008 сандуқи қарзии Ҷамъияти саҳомии кушоди (ҶСК) «Ориёнбонк» 753 823 621 сомониро ташкил намуд. Сохтори соҳавии қарзгузорӣ дар сохтори бонк ба таври зайл ташкил карда шудааст: Бо асъори миллӣ: корхонаҳои тиҷоратии шахсӣ – 77,52%; корхонаҳои хоҷагии қишлоқ – 16,95%; корхонаҳои давлатӣ – 1,80% ва […]

root


Душанбе. 13-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ба санаи 31-уми декбри соли 2008 сандуқи қарзии Ҷамъияти саҳомии кушоди (ҶСК) «Ориёнбонк» 753 823 621 сомониро ташкил намуд. Сохтори соҳавии қарзгузорӣ дар сохтори бонк ба таври зайл ташкил карда шудааст:




Бо асъори миллӣ: корхонаҳои тиҷоратии шахсӣ – 77,52%; корхонаҳои хоҷагии қишлоқ – 16,95%; корхонаҳои давлатӣ – 1,80% ва шахсони воқеӣ – 3, 73%.



Бо асъори хориҷӣ: корхонаҳои тиҷоратии шахсӣ – 62,52%; корхонаҳои хоҷагии қишлоқ – 13,66%; корхонаҳои давлатӣ – 23,70% ва шахсони воқеӣ – 0,12%. Дар ин бора аз дафтари матбуоти бонки мазкур хабар доданд.




Маълумотнома:



Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Ориёнбонк” яке аз бонкҳои кӯҳнатарини ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Ҳанӯз моҳи апрели соли 1925 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Душанбе шӯъбаи Бонки тиҷоратии осиёимиёнагӣ ба фаъолият шурӯъ намуда буд. Моҳи сентябри худи ҳамон сол дар заминаи он Идораи ҷумҳуриявии Промбанк кушода шуд. Моҳи апрели соли 1991 Тоҷикпромстройбонк ба ташкилоти саҳҳомӣ табдил ёфтан гирифт ва 29 декабри соли 1991 вай ба Бонки саҳҳомӣ – тиҷоратии саноату сохтмони Тоҷикистон “Ориенбонк” мубаддал гардид, ки аз ҷониби Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, дорои иҷозатномаи махсуси (литсензияи) № 1 гашт. 5 апрели соли 2002 БСТССТ “Ориенбонк” ба Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Ориёнбонк” табдил дода шуд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.