Хуҷанд. 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Аввали моҳи феврали соли равон дар роҳҳои мошингарди вилояти Суғд хизматгузории таксиҳои олмонии навъи «Опел» ба роҳ монда мешавад. Як миқдор аз ин навъи мошинҳоро ҶСК «Сорбон»-и шаҳри Хуҷанд дастрас кардааст.
Тавре директори ширкати «Сорбон» Абдуаҳад Шарипов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, 10 адад чунин навъи мошин бо дастгирии Бонки таҷдиду рушди Аврупо ва қарзи кӯтоҳмӯҳлати бонки «Эсхата» аз Эстония харидорӣ шуда, пас аз гузаштан аз назорати гумрукӣ ба ширкат оварда шуданд.
Айни замон мошинҳо ба қайди давлатӣ гузошта шуда, ҷиҳати реклом ва додани ранги мувофиқ ба онҳо бо ширкатҳои рекломдеҳ гуфтушунид идома дорад. «Агар нақшаҳо муваффақона амалӣ гарданд, мо ояндаи наздик ният дорем, 70 автобуси мусофирбари навъи «Мерседес-Спринтер»-и истеҳсоли Олмонро низ харидорӣ намоем», – афзуд А.Шарипов.


