Дар роҳҳои мошингарди Суғд хизматгузории таксиҳои олмонии навъи «Опел» ба роҳ монда мешавад

            Хуҷанд. 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Аввали моҳи феврали соли равон дар роҳҳои мошингарди вилояти Суғд хизматгузории таксиҳои олмонии навъи «Опел» ба роҳ монда мешавад. Як миқдор аз ин навъи мошинҳоро ҶСК «Сорбон»-и шаҳри Хуҷанд дастрас кардааст.             Тавре директори ширкати «Сорбон» Абдуаҳад Шарипов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, 10 адад чунин навъи мошин […]

Бахтиёр Валиев



           

Хуҷанд. 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Аввали моҳи феврали соли равон дар роҳҳои мошингарди вилояти Суғд хизматгузории таксиҳои олмонии навъи «Опел» ба роҳ монда мешавад. Як миқдор аз ин навъи мошинҳоро ҶСК «Сорбон»-и шаҳри Хуҷанд дастрас кардааст.





           

Тавре директори ширкати «Сорбон» Абдуаҳад Шарипов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, 10 адад чунин навъи мошин бо дастгирии Бонки таҷдиду рушди Аврупо ва қарзи кӯтоҳмӯҳлати бонки «Эсхата» аз Эстония харидорӣ шуда, пас аз гузаштан аз назорати гумрукӣ ба ширкат оварда шуданд.




           

Айни замон мошинҳо ба қайди давлатӣ гузошта шуда, ҷиҳати реклом ва додани ранги мувофиқ ба онҳо бо ширкатҳои рекломдеҳ гуфтушунид идома дорад. «Агар нақшаҳо муваффақона амалӣ гарданд, мо ояндаи наздик ният дорем, 70 автобуси мусофирбари навъи «Мерседес-Спринтер»-и истеҳсоли Олмонро низ харидорӣ намоем», – афзуд А.Шарипов.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.