Хоҷагиҳои пахтакори кишвар ба «Амонатбонк» беш аз 4 млн. $ қарз аз маблағҳои ҳукуматиро баргардониданд

Date:



           

Душанбе. 16-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Хоҷагиҳои пахтакори кишвар ба «Амонатбонк» ҳудуди 15 млн. сомонӣ (беш аз 4 млн. $) қарз аз маблағҳои ҳукуматиро баргардониданд.





           

Тавре муовини аввали раиси «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, соли гузашта ба хоҷагиҳои деҳқонии вилоятҳои Суғду Хатлон тавассути бонк дар маҷмӯъ 40 млн. сомонӣ маблағи ҳукумати ҷумҳурӣ ҷудо гардид. «Мувофиқи нақшаи пешбинишуда, ба бонк то санаи 1-уми декабри соли гузашта 12,5 млн. сомонӣ аз қарзи ҳукуматӣ ва 1,117 млн. сомонӣ фоизи қарзҳо баргардонида шуд», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи муовини аввали раиси бонк, қисми боқимондаи қарз мувофиқи шартнома бояд то 1-уми апрели соли ҷорӣ пардохт карда шавад. «Феълан пардохти қарз аз ҷониби хоҷагиҳо идома дорад ва ҳаҷми он ба санаи 14-уми январ 14. млн. 800 сомониро ташкил медиҳад», – изҳор дошт Г.Ҳасанова.




           

Дар мавриди ибрози ақида оид ба пешниҳоди вазорати кишоварзӣ перомуни боздошти пардохти фоизи қарзҳо, Г.Ҳасанова зикр кард, ки аз ҷиҳати роҳандозии фаъолияти тиҷоратӣ чунин пешниҳод на он қадр оқилона аст, зеро дар сурати қабули чунин қарор бонкҳо ба мушкилот дучор хоҳанд шуд. « Албатта, мо дарк менамоем, ки ба иллати бӯҳрони молӣ арзиши нахи пахта хеле коҳиш ёфт, вале чунин тарзи ҳалли масъала қобили қабул нест, чунки бонкҳо маҷбур хоҳанд шуд, ки хароҷоти хизматрасонии қарзҳоро аз ҳисоби хул пардохт кунанд», – афзуд ӯ.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...