Душанбе. 17-уми январ – Дирӯз дар шаҳри Душанбе дар синни 62-солагӣ хабарнигори оҷонсии иттилоотии «Азия-Плюс» Баҳром Маннонов аз олам даргузашт.
Дар ОИ «Азия-Плюс» Баҳром Маннонв аз моҳи марти соли 2002 ба фаъолият шурӯъ кард ва дар муддати кӯтоҳе миёни ҳамкорону хонандагон соҳиби обрӯву эътибор гашт, зеро ростқавливу меҳнатдӯстӣ ва дақиқкориро сармашқи пешаи хеш қарор дода буд. Ҳангоме сухан дар бораи иҷрои вазифаи пурмасъуле мерафт, қабл аз ҳама ӯро ба хотир меовардем.
Аксаран рӯзноманигоронро сангдил мехонанд, вале ҳеҷ кас чунин хислатро ба Баҳром Маннонов нисбат дода наметавонист. Ӯ дӯсти ҳақиқӣ ва ҳамеша омодаи кӯмак буд.
Баҳром Маннонови азиз! Ҷойи Шумо акнун холист! Дар қатори оила ва хешону наздикони Шумо кормандони оҷонсӣ сахт андӯҳгинанд.
Маросими ҷанозаи марҳум имрӯз дар зодгоҳи ӯ – шаҳри Конибодом доир мегардад.
Б. Маннонов соли 1970 факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, аз соли 1970 то соли 1976 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат кардааст. Пас аз он то соли 1978 дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 2-и шаҳри Конибодом ба пешаи омӯзгорӣ машғул буд. Тайи солҳои 1978-1980 ба ҳайси методисти шӯъбаи маорифи шаҳри Конибодом ифои вазифа намудааст. Аз соли 1980 то соли 1991 роҳбари низомии техникуми ба номи А.Қаҳҳорови шаҳри Конибодом буд. Дар давраи солҳои 1991 то соли 1995 дар мактаби рақами 2-и шаҳри Конибодом вазифаи директори мактабро ба ӯҳда дошт. Аз соли 1995 то соли 2002 ба сифати мушовир ва ёвари президенти Ҷамъияти саҳомии «Бодом» машғули кор буд.


