ИМА қаламрави Тоҷикистонро чун воситаи транзитии ҳамлу нақли бор ба Афғонистон истифода бурданист

Душанбе. 17-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қаламрави Тоҷикистонро чун воситаи транзитии ҳамлу нақли бор ба Афғонистон истифода бурданист. Дар ин хусус имрӯз зимни мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Фармондеҳии марказии нерӯҳои ИМА генерал Дэвид Петреус тавофуқ ҳосил гардид. Пас аз мулоқот бо сарвари давлати Тоҷикистон ҷенероли амрикоӣ ба рӯзноманигорон изҳор […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 17-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қаламрави Тоҷикистонро чун воситаи транзитии ҳамлу нақли бор ба Афғонистон истифода бурданист. Дар ин хусус имрӯз зимни мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Фармондеҳии марказии нерӯҳои ИМА генерал Дэвид Петреус тавофуқ ҳосил гардид.




Пас аз мулоқот бо сарвари давлати Тоҷикистон ҷенероли амрикоӣ ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки ин ҷо сухан дар бораи ҳамлу нақли масолеҳи сохтмон барои барқарорсозии зерсохтори иқтисоди кишвари ҳамсоя меравад. «Ман ба Тоҷикистон аз Қазоқистон омадам ва дар он ҷо низ оид ба ин масъала бо ҳукумати Қазоқистон тавофуқ ҳосил гардид», – гуфт ӯ ва афзуд, ки чунин тавофуқ бо аксари кишварҳои минтақа, аз ҷумла Русия низ ҳосил шудааст.



Д.Петреус гуфт, аз ҷумҳурии мо озими Қирғизистон мешавад, ки дар фурудгоҳи Манаси ин кишвар нерӯҳои низомии Амрико мустақар мебошанд. «Мо минбаъд низ ба идомаи фаъолияти нерӯҳои низомии Амрико дар Манас мусоидат хоҳем кард, зеро кӯшишоти Амрико ба манфиати тамоми мамолики минтақа равона гардидаанд, – идома дод ҷенерол. – Ҳадафи ягонаи мо – муваффақ гаштан ба таъмини субот дар Афғонистон аст».



Ҷенероли амрикоӣ ҳамчунин зикр кард, ки дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон масоили мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷилавгирӣ аз терроризм, рушди амалисозии лоиҳаҳо ҷиҳати таҳиким марзҳо ва расонидани кӯмаки башардӯстона низ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. «Дар мулоқот ба масъалаи мубориза алайҳи ифротгароӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир шуд, то нерӯҳои ифротгаро дигар имкон наёбанд бори навбатӣ қаламрави Афғонистонро чун минтақаи омодасозӣ ба амалиёт истифода баранд», – таъкид сохт ӯ.



Дар мулоқот ҷонибҳо инчунин атрофи вазъ дар Ироқ ва мушкилоти мавҷуда дар ин кишвар табодули афкор намуданд.





 


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.